• Только для взрослых
  • Военные игры
  • Крутые тачки
  • Инчо осмон оби аст...
    16 сентября 2016 в 13:58
    • Удалить
    Дар зеҳни сарди хона ҳаёҳӯ намерасад
    Овози гарми як-ду парасту намерасад
    Гулдони пушти панҷараам бетароват аст
    Инҷо шамими тозаи шаббӯ намерасад
    Гесӯи маҳ ба шонаи дарё нишаста аст
    Аммо чароғи моҳ ба ин сӯ намерасад
    Девор сарду панҷара сарду утоқ сард
    Атре ҳам аз тани зани хушрӯ намерасад
    Ҳоло ҳавои хона маро мушт мезанад
    Вақте ки атри тунди тани ӯ намерасад
    Фирдавси Аъзам
    Инчо осмон оби аст...
    16 сентября 2016 в 13:57
    • Удалить
    Эй хандаат шукӯҳи ғазалҳои Мунзавӣ
    Бо хандаат чи қадр дилангез мешавӣ
    Назми тамоми қоидаҳо дар нигоҳи туст
    Чашми ту дод шеъри равонро ба Ганҷавӣ
    Устураи наҷобатӣ бо шеъри фохират
    Монанди бонувони хушоянди паҳлавӣ.
    Ҳар кас туро ба шеваи худ васф кардааст
    Аз бедили нигоҳи ту то Пири Деҳлавӣ.
    Вақте миёни қофияҳо рақс мекунӣ
    Бе ҳеч истиора ғазал мешавад қавӣ.
    Бо ин ҳама малоҳату дилхоҳ буданат
    Аз чашм, дил, ғазал, нафаси ман! Намеравӣ!
    Фирдавси Аъзам
    Инчо осмон оби аст...
    18 ноября 2013 в 18:45
    • Удалить
    Хомушаму даруни худам дод мезанам
    Ман бар сари сукути худ фарёд мезанам

    Калбам ки аз гилояи чанде шикаста аст
    Бар сухтагии ин чигарам, бод мезанам

    Оханги гам ба шонаи шеьрам нишаста аст
    Аммо ба эхтироми шумо шод мезанам

    Вакте намекунад касе бар ишк эьтимод
    Пас ман чи гуна ин хама бедод мезанам?

    Инчо касе ба харфи дилам эьтино накард
    Аммо хануз хам дари имдод мезанам

    Дархо ки нокушодаанд бо ин хама умед
    Гоме ба суи хонаи иршод мезанам

    Чугрофиёи дардхои ман биё бубин
    Хомушаму даруни худам дод мезанам