Описание:
БА НОМИ ХУДОИ БАХШОЯНДАИ МЕҲРУБОН
Ҳадиси аввал (савоби) амалҳо (вобаста) бо ният аст
Aз амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки гуфт: аз пайғамбари Худо, сал-ла-л-Лоҳу алайҳи ва сал-лам, шунидам, ки мегуфт: «Савоби амалҳо вобаста бо ният аст; ва ҳар касро му-вофиқи нияташ ҷазо дода мешавад; ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ, ба сўйи Аллоҳ ва расули Ў бошад, пас ҳиҷрати ў ба сўйи Аллоҳ ва расули Ўст. Ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ ба сўйи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба сўйи зане бошад, ки ўро ба никоҳ дарорад, пас ҳиҷрати ў ба сўйи ҳамон чиз аст, ки ба он сўй ҳиҷрат кардааст».
Ин ҳадисро имоми му-ҳаддисон Абўабдуллоҳ Му-ҳаммад ибни Исмоъил иб-ни Иброҳим ибни ал-Муғи-ра ибни Бардизбеҳ ал-Бу-хорӣ ва имом Абулҳусайн Муслим ибни ал-Ҳаҷ